Вазорати дифои Русия видеоеро нашр кард, ки кори операторони FPV-дронҳо аз маркази Рубикон дар минтақаиамалиёти вижа низомиро нишон медиҳад.
Идоракунони паҳподҳо мавқеъҳои оташфишонӣ ва нуқтаҳои ҷойгиркунии муваққатии артиши Украина, инчунин худравҳо ва мошинҳои зиреҳпӯш (аз ҷумла мошинҳои истеҳсоли хориҷӣ)-ро нобуд карданд.
Ғайр аз ин, ба тӯпхонаҳои, системаҳои роботии заминӣ ва унсурҳои системаҳои алоқаи душман ва намудҳои гуногуни ҳавопаймоҳои бесарнишин зарба зада шуданд.
Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ анҷом медиҳад.
Президенти Русия Владимир Путин рисолати худро "ҳимояи одамоне, ки ҳашт сол боз аз ҷониби режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озод кардани Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.