Беш аз 35 корхонаи вилояти Пенза ба Тоҷикистон маҳсулот содир мекунанд

Соҳибкорони Тоҷикистону вилояти Пензаи Русия дурнамои ҳамкориҳои тиҷориро баррасӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 фев – Sputnik. Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар утоқи бозаргонии вилояти Пенза бо намояндагони доираҳои тиҷоратии Пенза дидору мулоқот карда масоиои рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодии дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати вилояти Пенза хабар додааст.
Тавре Владимир Подобед, раиси Палатаи савдо ва саноати минтақавии Пенза қайд кард, Тоҷикистон солҳои тӯлонӣ яке аз шарикони асосии тиҷорати хориҷии ин минтақа мебошад.
“Дар солҳои 2024–2025 содироти корхонаҳои Пенза ба Тоҷикистон тақрибан як миллиард рублро ташкил медод. Танҳо аз аввали соли 2026 шаҳодатномаҳои истеҳсолӣ ба маблағи беш аз 150 миллион рубл дода шудаанд. Имрӯз беш аз 35 корхонаи минтақа маҳсулоти гӯштӣ ва ширӣ, равған, маҳсулоти қаннодӣ, техникаи кишоварзӣ, таҷҳизот, чӯб, мебел ва асбобҳои рӯзгорро ба Тоҷикистон содир мекунанд”, - гуфт ӯ.
Вай қайд кард, ки дар моҳи сентябри соли гузашта воридоти маҳсулоти тайёр аз Тоҷикистон оғоз ёфт.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ин дидор дар бораи имкониятҳои вилояти Хатлон гуфт.
Тоҷикистон бо вилояти Свердловски Русия ҳамкориҳояшро тақвият медиҳад
Вай таъкид кард, ки минтақа дорои захираҳои назарраси гидроэнергетикӣ (90% иқтидори истеҳсолӣ) буда, солона тақрибан 3 миллион тонна мева ва инчунин пахта истеҳсол мекунад.
Раиси вилояти Хатлон корхонаҳои Пензаро барои сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ даъват кард, ва зикр кард, ки дар вилоят минтақаҳои озоди иқтисодӣ мавҷудад, ки дорои зерсохтори тайёр ҳастанд..
Раиси ҳукумати вилояти Пенза Николай Симонов, ки дар ин мулоқот ширкат дошт, аз соҳибкорон даъват кард, ки аз имкониятҳои пайдошуда фаъолтар истифода баранд ва бо шарикони тоҷики худ робитаҳои мустақим барқарор кунанд.
Вай афзуд, ки созишнома дар бораи ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ ва фарҳангӣ, ки чанд рӯз пеш ба имзо расид, заминаи мустаҳкамеро барои рушди минбаъдаи робитаҳои мутақобила фароҳам меорад.