ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Қазоқистон содироти бензинро ба кишварҳои ҳамсоя ба таври назаррас афзоиш додааст, иттилоъ додааст вазорати молияи ин кишвар.
Ба иттилои мақомоти ин кишвар то охири соли 2025 ин кишвар ба хориҷ 214,8 ҳазор тонна ё ба маблағи 139,4 миллион доллар сӯзишворӣ содир кардааст.
Қайд карда шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2024, содирот 5,7 маротиба афзоиш ёфтааст.
Харидори аслии сӯзишвории Қазоқистон кишвари ҳамсоя Узбекистон будааст, ки дар ин давра 119,6 ҳазор тонна маводи сӯхт харидааст. Ин кишвар хариди сӯхтро 5,5 маротиба афзоиш додааст.
Қирғизистон бо 57,5 ҳазор тонна дар ҷойи дуввум қарор гирифтааст.
Бензин инчунин ба Афғонистон бо 21,5 ҳазор тонна (43,4 маротиба афзоиш) ва ба Тоҷикистон бо 16,1 ҳазор тонна (14,2 маротиба афзоиш) фурӯхта шудааст.
Ба иттилои мақомоти Қазоқистон содироти сӯзишвории дизелӣ дар сатҳи соли 2024 боқӣ монд.
Дар тӯли сол, 60,3 ҳазор тонна (0,08%) ба хориҷа фурӯхта шуд, ки арзиши он 31,9 миллион долларро ташкил медиҳад. Бештар аз ҳама сӯзишвории дизелии Қазоқистонро кишварҳои Қирғизистон, Узбекистон ва Тоҷикистон с хариданд.