ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон дар соли гузашта дар ВМКБ камшавии таваллуд кӯдак ба қайд гирифта шудааст.
Ба иттилои ин ниҳод дар ин давра дар ВМКБ 2365 кӯдак таваллуд шудааст, ки нисбат ба соли 2024 41 кӯдак (2406) камтар таваллуд шудааст.
Дар ҳамин ҳол, дар соли 2025 нисбат ба соли 2024 дар ҷумҳурӣ бақайдгирии таваллуд 1,4 фоиз зиёд шудааст.
Дар соли гузашта ба иттилои манбаъ, зиёдшавии таваллуд ба ғайр аз ВМКБ дар ҳамаи минтақаҳо мушоҳида шудааст.
Вилояти Суғд 1,4%;
Вилояти Хатлон 1,9%;
НТҶ 1,2%;
Шаҳри Душанбе 0,4%.
Агентии омор қайд кардааст, ки бо назардошти шумораи таваллудшудагон, фавтидагон ва муҳоҷират шумораи аҳолӣ то 1-уми январи соли 2026 – 10 миллиону 720 ҳазор нафарро ташкил дода, дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 – 2% зиёд шудааст.
Афзоиши табиии аҳолӣ аз рӯи маълумоти пешакӣ дар моҳҳои январ – декабри соли 2025 нисбат ба январ – декабри соли 2024 ба андозаи 0,9% зиёд шуда, 220,7 ҳазор нафар ё ба 1000 нафар аҳолӣ 20,8 нафар рост омадааст.
Ҳамзамон зикр мешавад, ки дар соли 2025 мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар асоси муҳлати муқарранамудаи қонун 255,1 ҳазор кӯдакони навзод ва 34,4 ҳазор шахсони фавтида, аз ҷумла 1,8 ҳазор кӯдаки синни то 1 сола фавтидаро ба қайд гирифтаанд.