ДУШАНБЕ, 26 фев – Sputnik. Азиз Қодиров, собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар ноҳияи Шаҳринав дар наздикии Душанбе зиндагӣ мекард, 25 феврал дар синни 104-солагӣ даргузашт.
Азиз Кодиров.
© Foto / Пресс-служба главы Шахринавского района
Дар ин бора мақомоти Шаҳринав хабар додааст.
Мақомот дар як паёме дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ навиштааст, ки маросими дафни ин собиқадор дар ҳамон рӯз сурат гирифт. Мақомоти маҳаллӣ ба наздикони Қодиров изҳори ҳамдардӣ баён кардааст.
Қодиров соли 1922 дар Шаҳринав таваллуд шудааст. Ӯ ҳангоми даъват шуданаш ба сафи Артиши Сурх дар соли 1939 муаллими мактаб будааст. Қодиров, ки чанд маротиба дар ҷанг захмӣ шуда буд, соли 1943 ба ватанаш баргашт ва ба омӯзгорӣ идома дод.
Айни замон дар Тоҷикистон 11 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст. Ғайр аз ин, тақрибан 100 нафар собиқадорони ақибгоҳ дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд.
Дар давраи ҷанг, беш аз 300 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба Артиши Сурх сафарбар шуданд ва беш аз 90 ҳазор сокинони ҷумҳурӣ аз ҷабҳа барнагаштанд. Тибқи иттилои Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ҷумҳурӣ, 56 ҳазор нафар аз тоҷикон барои шуҷоат ва хизмати ҳарбиашон бо ордену медалҳои ИҶШС мукофотонида шуданд, 56 нафар аз сокинони ҷумҳурӣ Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шуданд ва 21 нафар бо ордени Шӯҳрат сазовор шуданд.
Тибқи маълумоти расмӣ, тақрибан 100 ҳазор нафар аз минтақаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ осеб дида буданд, ба Тоҷикистон кӯчонида шуданд. Ғайр аз ин, дар ин давра дар ҷумҳурӣ 29 беморхонаи низомӣ фаъолият мекард. Зиёда аз 100 ҳазор нафар дар он ҷо табобат гирифта, ба ҷабҳа баргаштанд.