Аз вазорати фарҳанг то прокуратура ва КДАМ: Раҳмон таъиноти кадрӣ анҷом дод

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар як қатор сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла прокуратура, КДАМ, вазорати фарҳанг, коррупсия, палатаи ҳисоб ва адлия тағийроти кадрӣ анҷом дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як цатор сохторщои давлать таъйиноти кадрь аныом дод.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумщур хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ таӯйирот дар сохтори вазоратҳои адлия, фарҳанг, мақомоти Прокуратура, КДАМ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб ва дигар мақомоти назди Ҳукумат кишвар сурат гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳои таъйиншуда мулоқот намуд.
Тибқи иттилои манбаъ, бо Қарорҳои ҳукумати кишвар ба вазифаҳои муовини якум ва муовини вазири адлия, муовини вазири фарҳанг, сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ ва муовини Раиси Кумитаи рушди маҳал аз кадрҳои нав таъин шуданд.
Ҳамчунин Бобохонзода Асомуддинро аз вазифаи судяи Суди Олии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан бозхонд карда шуд.
Инчунин раҳбари кишвар Аҳмадзода Шуҳрат Аҳмадро аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Тоҷикистон озод кард ва ба вазифаи муовини Раиси Палатаи ҳисоб таъин намуд
Раҳмон аз мақомоти қудратӣ хост ҷиноятҳои мансабиро пешгириву амгияти марзро пурзур кунанд
Маҳмадшарифзода Парвиз ба вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Тоҷикистон таъин шуд.
Рӯйхати ин номзадҳо барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ирсол гардиданд.
Ҳамчунин дар мувофиқа бо Президенти Тоҷикистон сардорони як қатор раёсатҳои Прокуратураи генералӣ, Прокуророни ноҳияҳои Ванҷу Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Ховалинги вилояти Хатлон, шаҳри Бӯстон, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд, сардорони шуъбаҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар, сардорони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар дар шаҳру ноҳияҳои минтақаҳои Кӯлоб ва Рашт иваз карда шуданд.
Зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон аз кадрҳои нав даъват кард, ки ба суръат бахшидан ба раванди рақамикунонӣ ва гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги волои миллӣ, пешгирӣ аз хурофот, мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои коррупсионию гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини адолати судию волоияти қонун ва муомилаи хуб бо мардум аҳамияти хос диҳанд.