ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Ҳукумати Қирғизистон содироти нуриҳои минералиро аз ҷумҳурӣ ба берун аз кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё муваққатан манъ кард.
Ба иттилои ҳукумати Қирғизистон содирот барои шаш моҳ манъ карда мешавад ва дар рӯзҳои наздик эътибор пайдо хоҳад кард.
Ин манъ ба ҳама намудҳои нуриҳои минералӣ, ба истиснои онҳое, ки қаблан аз кишварҳои сеюм ворид карда шуда, ба талаботи сифат ҷавобгӯ набуданд, татбиқ мешавад.
Истисноҳо инчунин барои кумакҳои башардӯстонае, ки бо қарори Девони Вазирон расонида мешуданд, пешбинӣ шудаанд.
Вазорати иқтисод ва тиҷорат бояд дар давоми се рӯз ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ва Комиссияи Иқтисодии Авруосиё дар бораи манъ хабар диҳад.
Вазорати корҳои хориҷӣ низ ба Кумитаи Иҷроияи ИДМ огоҳиномаи монанд мефиристад.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.