Милисаҳо дар ВМКБ муваззаф шудаанд бо ҳамтоён аз ҳамсоякишварҳо ҳамкорӣ кунанд

Барои таъмини амнияти кишвар ва суботу оромии шаҳрвандон милисаҳо дар навоҳии наздисарҳадӣ муваззаф шудаанд бо ҳамтоён аз ҳамсоякишварҳо ҳамкорӣ кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсияи Муборакшозода Ғайратшо аз мақомоти Раёсати ВКД-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даъват кард, ки бо кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Афғонистон дар тамос бошанду ҳамкорӣ кунанд.
Ин масъала дар ВМКБ дар ҷаласае, ки дар он муовини Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-майори милитсияи Муборакшозода Ғайратшо ва сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ, генерал-майори милитсия Шафизода Рустам иштирок доштанд, баррасӣ гардид.
“Кормандони самти оперативии шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ вазифадор карда шудаанд, ки бо ҳамсоякишварҳо вобаста ба таъмини амнияти кишвар ва суботу оромии шаҳрвандон фаъолияти хизматиро дуруст ба роҳ монда, дар ин самт ба таври зарурӣ фаъолият намоянд”, - қайд кард дар ҷаласа муовини Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон.
Ҳамзамон муовини Вазири корҳои дохилӣ аз роҳбарони ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилии ВМКБ хост барои рафъи камбудиҳои мавҷуда чораҳои зарурӣ андешанд ва фаъолияти оперативӣ-хизматиро пурзўр намоянд.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Даргирии дигари мусаллаҳонаи маргбор бо қочоқбарони афғон дар марз
Ҳамчунин мақомоти ВКД аз мақомоти ВМКБ хост аз муноқишаҳо байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ чораҳои саривақтӣ андешида шуда, онҳоро пешгирӣ намоняд.
“Пеши роҳи муносибатҳои нодуруст ва сатҳи пасти огоҳии ҷавонон, ҳолати истифодаи корд барои содир намудани ҷиноят ва муноқишаҳои гуруҳӣ гирифта шавад”, - гуфт Муборакшозода Ғайратшо.
Ҳамзамон ин афсари баландпояи ВКД таъкид кард, ки арзу шикоят ва муроҷиатҳои шаҳрвандон бояд сари вақт баррасӣ шаванд.