Тамоюли рушди истеҳсоли саноатӣ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё

Дар чор кишвари Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон ва Русия рушди истеҳсоли саноатӣ мушоҳида шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Истеҳсоли саноатӣ дар дохили Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) мунтазам афзоиш меёбад.
Дар соли 2025, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар кишварҳои ИИАО нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6% афзоиш ёфтааст.
Ин маълумотро дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.
"Дар соли 2025 истеҳсоли саноатӣ дар кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 1,6% афзоиш ёфтааст", - омадааст дар хабарнома.
Рушд дар чор кишвари Иттиҳод мушоҳида шуд:
дар Қирғизистон - 10,6%;
Қазоқистон - 7,5%;
Арманистон – 4,7%;
Русия – 1,3%.
Хадамоти матбуот афзуд, ки дар айни замон истеҳсоли саноати коркард 3,4% афзоиш ёфтааст.
Рақамикунонии бахши нақлиёт дар ИИАО зарурати стратегӣ аст
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё як созмони байналмилалии ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ буда, дорои шахсияти ҳуқуқии байналмилалӣ буда, тибқи Шартнома дар бораи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таъсис ёфтааст.
Иттиҳод ҳаракати озоди молҳо, хизматрасонӣ, сармоя ва қувваи корӣ, инчунин татбиқи сиёсати ҳамоҳангшуда, мувофиқашуда ё муттаҳидшударо дар бахшҳои иқтисодӣ таъмин мекунад. Аъзоёни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд.
Аз соли 2015 инҷониб, Тоҷикистон масъалаи пайвастан ба Иттиҳодро баррасӣ мекунад.