ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Сертификатҳои ҳалоли Русия дар Тоҷикистон расман эътироф шудаанд.
Дар ин бора Системаи сифати Русия (Роскачество) хабар дод.
"Истеҳсолкунандагони маҳсулоти русӣ, ки аз ҷониби Роскачество - Ҳалол сертификатсия шудаанд, бидуни гузаштани расмиёти иловагӣ ба бозори Тоҷикистон дастрасии мустақим пайдо карданд", - изҳор дошт ин ниҳод.
Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти тиҷоратии Тоҷикистон расман эътирофи сертификатҳои мутобиқати ҳалолиро, ки аз ҷониби мақомоти аккредитатсияшудаи Русия дода шудаанд, тасдиқ кард.
Роскачество дар шарҳи худ ба ТАСС хабар дод, ки маҳсулот аз истеҳсолкунандагони русӣ, ки расмиёти дурусти сертификатсияро гузаштаанд, метавонанд озодона ба бозори Тоҷикистон ворид шаванд.
"Эътирофи сертификатҳои ҳалол барои содиркунандагони русӣ, ки дар сегменти маҳсулоти мутобиқ ба ислом кор мекунанд, самтҳои навро мекушояд. Тоҷикистон шарики Русия аст ва талабот ба маҳсулоти ҳалоли босифат дар бозори он мунтазам афзоиш меёбад", - илова кард Роскачество.
Қайд карда мешавад, ки фурӯшандагон дигар ба гирифтани сертификатҳои маҳаллӣ ниёз надоранд, ки ин бояд воридшавии молҳои Русияро ба бозори Тоҷикистон ба таври назаррас суръат бахшад ва сода гардонад.
Ғайр аз ин, интизор меравад, ки ин қарор хароҷоти молиявӣ ва вақтро кам кунад. Дар айни замон, сертификатҳои ҳалоли Русия дар як қатор кишварҳои Халиҷи Форс, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Алҷазоир ва Покистон эътироф карда мешаванд.