Тоҷикистон дар даҳгонаи беҳтарин макони истироҳатӣ барои русҳо қарор гирифт

Русиягиҳо барои истироҳат дар рӯзҳои таътили моҳи феврал Тоҷикистонро интихоб кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Тоҷикистон дар даҳгонаи беҳтарин макони истироҳатӣ барои русиягиҳо қарор гирифт.
Таҳлилгарони ширкати "My Agent" фурӯши чиптаҳоро барои рӯзҳои истироҳатии моҳи феврал омӯхтанд.
Дар рӯйхати кишварҳои пешсаф дар баробари Тоҷикистон, инчунин кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ Узбекистон ва Қазоқистон низ шомиланд.
Коршиносон қайд мекунанд, ки интихоби кишварҳо мантиқӣ аст.
Сайёҳони русиягӣ албатта барои гарм шудан сафар мекунанд - ҳаво дар ин кишварҳо, дар қиёс ба Русия ба таври назаррас гармтар аст.
Тоҷикистон бо манзараҳои зебои табиӣ, мероси бойи таърихӣ, таомҳои болаззат ва меҳмоннавозии сокинони маҳаллӣ сайёҳонро ҷалб мекунад.
Ҷойҳои маъмули сайёҳӣ дар барои русиягиҳо шоҳроҳи Помир, Осорхонаи миллӣ дар Душанбе, Қалъаи Ҳисор, кӯҳҳои Фонн, Искандаркӯл ва шаршараи "Ҳафт кӯл" мебошанд.
Аз вилояти Суғд 1,3 миллион сайёҳи хориҷӣ боздид кардааст
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон миёни шаҳрвандони Узбекистон низ барои сайёҳат яке аз машҳуртарин самтҳо аст.
Тоҷикистон аз рӯи беҳтарин макони гардишгарӣ барои шаҳрвандони Узбекистон пас аз Қирғизистон, дар ҷойи дуюм қарор дорад. 98,6 ҳаз узбекистониҳо давоми моҳи январи соли 2026 аз Тоҷикистон боздид кардаанд.