Раҳмон низомиёнро ба идашон табрик кард: мардум ҷонфидоиҳои шуморо фаромӯш намекунад

Сарвари давлат гуфт, шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, авҷгирии зуҳуроти терроризму экстремизм, водор месозад барои амнияти давлат чораҳои иловагӣ андешид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон тамоми хидматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин собиқадорони хидмати ҳарбиро ба ифтихори рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон табрик кард.
Ӯ нерӯҳои мусаллаҳро яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон ва сипари боэътимоди давлат хондааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Раисҷумҳур бо ёдоварӣ аз солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандии гуфтааст, ки артиши кишвар дар шароити сахту сангин ва мушкилити моддию техникӣ сохта шуд.
“Яъне Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар шароити сахту сангин ташаккул ва обутоб ёфтанд, таҷриба ва маҳорати ҷангӣ ба даст оварданд”,- таъкид кард кишвардор.
Ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои мусаллаҳ дар давраҳои минбаъда низ якҷо бо дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ борҳо аз имтиҳони садоқат ва ҷасорату мардонагӣ сарбаландона гузаштанд, амнияти давлат ва бехатарии мардуми Тоҷикистонро ҷавонмардона таъмин карданд.
Раҳмон таъкид кард, ки давлату Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, пойдории сулҳу субот ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд.
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Аз Вазорати мудофиа то Қушунҳои сарҳадӣ: Тағйироти кадрӣ дар сохторҳои муҳим
Ӯ дар идома таъкид кардааст, ки вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем.
Дар ин раванд, ба таъкиди сарвари давлат мунтазам баланд бардоштани маҳорату малакаи касбӣ, ҳисси миллӣ, садоқат ба савганди ҳарбӣ ва риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ вазифаи ҳаррӯзаи тамоми хизматчиёни ҳарбӣ – аз ҳайати фармондеҳӣ то сарбози қаторӣ мебошад.