ДУШАНБЕ, 22 фев - Sputnik. Зардолуи хушк дар рӯйхати содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон пешсаф буда, барои кишвар бештарин даромад овардааст.
Тибқи иттилои Агентии содироти Тоҷикистон, фурӯши зардолуи хушк қариб 30 млн доллар фоида овард.
Меваҳои хушк ва ангурҳои гуногун низ дар сегонаи аввал қарор гирифтанд. Шафтолу ва себ низ меваҳои хушки маъмуланд.
Дар инфографикаи Sputnik Тоҷикистон бубинед, ки кадом маҳсулоти дигари кишоварзӣ содир карда мешаванд ва кишвар аз онҳо чӣ қадар даромад ба даст меорад.
Мева на, балки тилло: Зардолуи хушк ба Тоҷикистон қариб 30 млн доллар фоида овард
© telegram Sputnik_Tajikistan
/ Ҷумҳурӣ соли 2025 қариби 31 ҳазор тон зардолуи хушкро содир кардааст, ки ин дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, аз рӯи ҳаҷм 1,3 ҳазор тонна ва маблағ 10,5 млн доллар зиёд мебошад, афзуд Агентӣ.
Қаблан International Trade Centre хабар дода буд, ки се ширкат аз Суғд- "Меваи Қанд", "Қанд.К" ва "Зардолуи Исфара" - бори аввал сертификати байналмилалии бехатарии FSSC 22000-ро ба даст оварданд.
Ба гузориши манбаъ ин роҳхат ба серталабтарин бозорҳҷаҳонӣ аст.
"Ин як рӯйдоди муҳим барои тамоми саноати кишоварзии Тоҷикистон аст. Ин исбот мекунад, ки маҳсулоти мо ба баландтарин стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд", - гуфт намояндаи ITC, Саидмуъмин Камолов.