Тоҷикистон истеҳсоли равғани растаниро зиёд кард, аммо ҳанӯз вобастаи воридот аст

Бар асоси додаҳои оморӣ кишвар имрӯз тақрибан 30% аз ниёзҳои дохилияшро худ таъмин карда, нақша дорад, ки онро то 70% расонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Тоҷикистон танҳо сеяки равғани растаниро барои ниёзҳояш худ истеҳсол мекунаду халос.
Бар асоси додаҳои оморӣ дар кивар соли 2025 ҳудуди 29,2 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст. Ба гуфтаи мақомот мизони ситеҳсол 12% афзуд, аммо ин нокифоя аст.
Барои таъминоти дохилӣ Тоҷикистон соли гузашта аз хориҷ 103,7 ҳазор тонна равғани растанӣ ворид кардааст.
Ҷумҳурӣ ин миқдорро ба маблағи 110,2 млн доллар бо нархи миёнаи 1 063 доллар барои 1 тонна ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 888,9 тонна ё 7,1% афзоиш ёфтааст.
Таъкид мешавад,ки дар бозори воридоти равғани растанӣ 105 субъекти хоҷагидор фаъолият дорад.
Воридкунандагони асосии маҳсулоти мазкур ҶДММ “Манучеҳр Хуҷаев” (11,8%), ҶДММ “Сафо 2013” (10,6%), ҶДММ “Раҳмонҷон сармоя” (10,7%), ҶДММ “Анко Инвест” (5,9%), ҶДММ “Корвон 2011” (5,4%), ҶДММ “Таджеро” (4,2%) ва дигар субъектони хоҷагидор (51,4%) ба ҳисоб мераванд.
Тоҷикистон хариди гандум аз хориҷро зиёду ордро кам кардааст
Аз ҳаҷми умумии равғани воридгардида 85,1% ба Қазоқистон, 11,7% ба Россия ва 3,2% боқимонда ба дигар давлатҳо рост меояд.
Мутобиқи ҷадвали маҷмуи ҳадди ақалли маҳсулоти ғизоӣ, меъёри равғани растанӣ ба ҳар сари аҳолӣ 13,68 килограмм дар як сол муайян карда шуда, ҷумҳурӣ бо истеҳсоли дохилӣ танҳо тавони таъмини то 30% талаботашро дорад.
Бар асоси нақшаи Вазорати кишоварзӣ, соли ҷорӣ дар кишвар кишти 26 062 гектар зироати равғандиҳанда дар назар аст.
Ин ниҳод қаблан изҳор дошта буд, ки бо истифодааз навъҳои хушсифати тухмӣ нақша доранд, ки таъминоти дохилиро то 70% расонанд.