Оғози таъмиру барқарорсозии пойгоҳҳои обкашӣ дар шаҳри Кӯлоб

Дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади таъмини саривақтии заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 фев - Sputnik. Дар шаҳри Кӯлоб иҷрои нақшаи тозакунии каналҳо 83% иҷро шудааст.
Ба иттилои масъулони идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳр, ҷиҳати омодагӣ ба мавсими имсола корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар пойгоҳҳои обкашӣ оғоз шудаанд.
Ҳадаф аз ин тадбирҳо таъмин намудани фаъолияти мунтазами таҷҳизот ва пешгирии мушкилоти эҳтимолӣ дар давраи обёрӣ мебошад.
Корҳои таъмирӣ то 10 март идома ёфта, пурра ба анҷом расонида мешаванд, омадааст дар хабарнома.
Масъулин итминон медиҳанд, ки бо анҷоми саривақтии корҳои омодагӣ кишоварзон бо оби полезӣ бе мушкил таъмин хоҳанд гардид.
Қисми зиёди заминҳои корами обёришаванда дар ҳудуди ҷамоати "Зарбдор" ҷойгир буда, пойгоҳҳои обкашӣ низ дар ҳамин ҷамоат фаъолият доранд.
Заминҳои се ҷамоати дигари шаҳр бошанд, асосан тавассути обҳои худҷорӣ аз дарёҳо обёрӣ карда мешаванд.
Ҳамзамон, тибқи нақша дар ҳудуди шаҳр бояд 19 км каналу ҷӯйборҳо тоза карда мешуд. То имрӯз иҷрои ин корҳо ба 83% расидааст.
Дар Хатлон вайрон кардани қонунҳои замин бештар шудааст
Дар баробари ин, тозакунии заҳбур ва заҳкашҳо ба масофаи 12км ба нақша гирифта шуда, иҷроиши он 87%-ро ташкил медиҳад. Масъулини соҳа таъкид менамоянд, ки бо анҷоми пурраи корҳои пешбинишуда мавсими киштукор дар сатҳи баланд баргузор гардида, ҳосили дилхоҳ ба даст хоҳад омад.
Айни замон дар шаҳр 3 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дошта, ки тавассути онҳо беш аз 200 гектар замини корам бо об таъмин мегардад.