Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Даври навбатии музокирот оид ба Украина, кай баргузор мешавад: посухи Песков

Котиби матбуотии президенти Русия изҳор дошт, ки ҳанӯз дар бораи кай баргузор шудани музокироти навбатӣ оид ба Украина маълумоте нест
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 фев – Sputnik. Кремл аз тасдиқи хабарҳо дар бораи баргузор шудани даври навбатии музокирот оид ба Украина гӯё ҳафтаи оянда дар Женева, худдорӣ кард.
Чунон ки Дмитрий Песков, котиби матбуотии президенти Русия, изҳор дошт, Кремл дар бораи даври навбатии музокирот оид ба Украина ба шарте хабар медиҳад, ки ба ҳамдигарфаҳмӣ ноил гардад.
"Пас аз он ки ҳамдигарфаҳмӣ мешавад, мо шуморо огоҳ хоҳем кард, чунон ки мо ин корро дар ин авохир анҷом медодем", - гуфт Песков.
Ӯ инчунин қайд кард, ки Маскав нисбат аз раванди музокирот, ки мураккаб ва тӯлонӣ аст, интизориҳои зиёд надорад.
Президенти ИМА Доналд Трамп таҳримҳо алайҳи Русияро барои як соли дигар, бинобар низоъ дар Украина, тамдид кард. Ӯ қаблан эътироф карда буд, ки роҳбарияти Русия аз ӯҳдаи ин маҳдудиятҳо мебарояд.
Рӯзноманигорон аз Песков пурсиданд, ки оё Маскав дар музокироти идомаёбанда натиҷаи дигареро интизор буд?
"Раванди музокирот, тавре ки мо борҳо изҳор доштем, мураккаб аст. Ва он инчунин тӯлонӣ аст. Аз ин рӯ, албатта, мо дар ин маврид интизориҳои муболиғаомез надоштем", - гуфт Песков.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Рубио дар бораи пешрафти раванди музокирот оид ба Украина гуфт
Рӯзҳои 17-18 феврал дар Женева музокироти намояндагони Маскав, Киев ва Вашингтон оид ба ҳалли низоъ дар Украина баргузор шуд.
Ҳайати Русияро Владимир Мединский, ёвари президенти Русия, роҳбарӣ мекард. Пас аз рӯзи дуюми музокирот, ӯ қайд кард, ки музокирот душвор, вале корӣ буданд.