ДУШАНБЕ, 20 фев – Sputnik. Созишномаи тиҷорати озод байни Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ва Эрон тиҷорати кишварро бо Русия афзоиш медиҳад.
Дар ин бора вазири энергетикаи Русия Сергей Тсивилев хабар дод.
"Ба шарофати ин созишнома, маҳдудиятҳо барои интиқоли беш аз 2000 намуди мол ба Эрон бекор карда шуданд", - қайд кард ӯ.
Ба гуфтаи вазир, барои мисол қаннодӣ, орд, маҳсулоти саноати сабук ва баъзе намудҳои мошину таҷҳизот бе маҳдудият интиқол меёбанд.
Тсивилев инчунин таъкид кард, ки Русия ва Эрон барои нигоҳ доштани суръати кунунии афзоиши тиҷорати мутақобила ва васеъ кардани сохтори он талош доранд.
“Ҳадафи муштараки мо таъмини самаранокии ҳадди аксар робитаҳо байни тоҷирони Русия ва Эрон, ниҳодҳои давлатӣ ва дастгирии рушди устувори тиҷорат ва ноил шудан ба гуногуншакли аст", - гуфт Вазири рус.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки аз соли 2020 то 2024 ММД-и кишварҳои узви ИИАО 11% рушд кардааст. Аз ҷумла рушд дар бахши саноат 15% ва кишоварзӣ 10% ба қайд гирифта шудааст.
Ғайр аз ин, нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ низ дар соли 2025 суръати мусбатро нигоҳ хоҳанд дошт.