ДУШАНБЕ, 19 фев - Sputnik. Ба иттилои Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бархе аз шаҳрвандони фурсатталаб бо мақсади ба даст овардани манфиати молӣ аз ниёзмандии мардум истифода намуда, нархи маҳсулоти хӯроквориро беасос боло мебаранд.
ВКД дар як изҳороте қайд кардааст, ки чунин амалҳо на танҳо хилофи меъёрҳои ахлоқии ҷомеа, балки мухолиф ба арзишҳои диниву инсонист.
ВКД таъкид кардааст, ки моҳи шарифи Рамазон моҳи баракат, хайру сахо ва фурсате барои анҷом додани амалҳои савоб ба шумор меравад.
“Дар ин моҳи муборак ҳар як шахс талош менамояд, то ба мардум нафъ расонад ва бо корҳои нек саҳми худро дар таҳкими арзишҳои инсондӯстӣ гузорад”, - таъкид кардааст ВКД.
Зикр шудааст, ки кормандони милитсияи пойтахт дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои ваколатдор бо мақсади назорат ва танзими нархи маҳсулоти ниёзи аввал санҷишҳои мақсаднок ва корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ менамоянд.
ВКд аз ҳамаи тоҷирон, соҳибкорон ва таъминкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ даъват кардааст, ки ҳангоми фаъолияти тиҷоратӣ инсофро пеша намуда, мувозинати нархи молу маҳсулотро нигоҳ доранд ва ба гаронии сунъии нархҳо роҳ надиҳанд.
“Дар акси ҳол, нисбати чунин афроди қонуншикан, тибқи талаботи қонунгузорӣ чораҳои дахлдор табиқ мегардад”, - қайд карда вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон.