Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Зеленский эътироф кард, ки ИМА намехоҳад, ки Украина ба НАТО ҳамроҳ шавад

Раҳбари режики Киев гуфт, ки маъмуриятҳои қаблӣ ва кунунии ИМА Украинаро дар щайати НАТО намебинанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 фев – Sputnik. Владимир Зеленский эътироф кард, ки ҳам маъмурияти қаблӣ ва ҳам маъмурияти кунунии ИМА намехоҳанд, ки Украина ба НАТО ҳамроҳ шавад.
"Расман, маъмурияти қаблӣ ва кунунии ИМА моро дар НАТО намебинанд", - гуфт Зеленский дар мусоҳиба бо муҷрии бритониёӣ Пирс Морган.
Чунон ки сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова изҳор дошт, узвияти Украина дар НАТО барои Русия қобили қабул нест; танҳо рад кардани қабули он ба иттиҳод кофӣ нест.
Ба гуфтаи Захарова, НАТО бояд аз ваъдаҳои худ дар саммити Бухарест дар соли 2008, ки дар он Киев кафолати пайвастан ба иттиҳодро дошт, даст кашад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Коршинос гуфт, чаро артиши Украина ҳузури халабонҳои хориҷиро пинҳон мекунанд
Дар акси ҳол, тавре ки сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия таъкид кард, "ин мушкилот фазои қитъаи Аврупоро заҳролуд хоҳад кард."