Раҳмон аз мақомоти қудратӣ хост ҷиноятҳои мансабиро пешгириву амгияти марзро пурзур кунанд

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар маҷлиси Шурои амният ба масоили ҳифзи сарҳади давлатӣ, пешгирӣ кардани ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 фев - Sputnik. Таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Шурои амнияти кишвар баргузор гардид.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додаас.
“Президенти кишвар бо дарназардошти вазъи мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳон ба роҳбарону масъулин барои таъмин намудани амнияти давлат ва ҷомеа, волоияти қонун, мубориза бо ҷинояткорӣ, омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ, беҳтар намудани шароити хизмат ва зиндагии ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супоришҳои мушаххас дод”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамчунин дар маҷлис Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарони мақомоту сохторҳо бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, алалхусус дар самти содир намудани ҷиноятҳои мансабӣ ва дигар қонунвайронкуниҳо талаб кард.
Вай таъкид кард, ки барои ҳифзи сарҳади давлатӣ, пешгирӣ кардани ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва мубориза бар зидди онҳо чораҳои қатъӣ андешида шаванд.
Раҳмон мардуми Тоҷикистонро бо оғози моҳи шарифи Рамазон табрик кард
Ҳамчунин, роҳбарони сохторҳои низомӣ вазифадор гардиданд, ки фаъолияти худро барои тарбияи кадрҳо, интихоб ва ҷобаҷогузории дурусти онҳо, омода намудани мутахассисони соҳибкасб дар самти истифодаи таҷҳизоту технологияҳои муосир, пурзур намоянд.
Раҳбари кишвар инчунин аз мақомдорон хост рушди саноати мудофиавии кишвар, рақамикунонӣ ва таъмини амнияти киберии давлат, инчунин, баланд бардоштани сатҳи касбият, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳисси миллӣ ва таҳкими худшиносию худогоҳии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти хифзи ҳуқуқро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшанд.