Дар 4 сол ММД-и кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё 11% рушд кардааст

Раиси Шӯрои Комиссияи иқтисодии Аврупо эълон кард, ки Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии кишварҳои ИИАО дар тӯли чор сол 11% афзоиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 фев - Sputnik. Hаиси Раёсати Комиссияи иқтисодии Авруосиё Бакитҷон Сагинтаев, дар форуме дар Маскав натиҷаҳои иқтисодии ИИАО-ро дар солҳои охир ҷамъбаст кард.
Тавре ки раиси Раёсати ИИАО қайд кард, аз соли 2020 то 2024 ММД-и кишварҳои ИИАО 11% афзоиш ёфтааст.
Вай қайд кард, ки дар ин давра дар ҳудуди ИИАО бахши саноат 15% ва кишоварзӣ 10% рушд кардааст.
“Дар соли 2025 нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии ИИАО суръати мусбатро нигоҳ хоҳанд дошт. Ҳамин тариқ, афзоиши ММД дар кишварҳои узви ИИАО дар соли гузашта пешакӣ 1,7% арзёбӣ мешавад”, - гуфт ӯ.
Вай илова кард, ки ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ байни кишварҳои узви ИИАО ба 93% расид.
Кишварҳои сеюм манфиатдори тиҷорат бо ИИАО ҳастанд
"Иштироки ҷомеаҳои тиҷоратии Панҷгонаи Авруосиё дар равандҳои ҳамгироӣ ба унсури калидӣ дар таъмини рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ табдил меёбад", - таъкид кард Сагинтаев.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.