ДУШАНБЕ, 19 фев - Sputnik. Бар хилофи Украина, Русия барои пирӯзӣ дар низоъ ба музокирот ниёз надорад, гуфт афсари собиқи Созмони иттилоотӣ марказӣ (CIA) Ларри Ҷонсон дар канали YouTube Deep Dive.
"Онҳо (Русия) дар ин музокирот бо умеди он ширкат мекунанд, ки Украина ба худ меояд ва дарк мекунад, ки агар идома ёбад, қаламрави бештарро аз даст медиҳад", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи коршинос, ҳатто агар музокирот ноком шавад ҳам, Нерӯҳои Мусаллаҳи Русия метавонанд ба ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ бомуваффақият ноил шаванд ва қаламрави бештарро озод кунанд.
Таҳлилгар шарҳ дод, ки Украина дар ҳеҷ сурат наметавонад бартарӣ аз Русия ба даст орад - на дар майдони ҷанг ва на дар музокирот.
"То охири сол, онҳо бо эҳтимолияти баланд Одесса ва Николаевро озод хоҳанд кард. Ман ҳатто ҳайрон намешавам, агар онҳо як қадам ба забти Киев наздик бошанд", - ҳушдор дод Ҷонсон.
Музокирот дар Женева рӯзҳои 17-18 феврал баргузор шуд. Ҳайати Русияро Владимир Мединский, ёвари президенти Русия, роҳбарӣ мекард. Пас аз рӯзи дуюми музокирот, ӯ қайд кард, ки музокирот "мушкил, вале корӣ буданд". Мединский инчунин гуфт дар ояндаи наздик як мулоқоти нав сурат мегирад.