Тоҷикистон дар моҳи Рамазон лимити барқро сабуктар мекунад

Ширкати “Барқи тоҷик” ваъда дод, ки дар моҳи Рамазон дар як шабонарӯз ба аҳолӣ 17 соат барқ медиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 фев - Sputnik. Сар аз санаи 19-уми феврал аҳолӣ 17 соат барқ мегиранд.
Дар ин бора сухангӯи Барқи тоҷик Қурбон Аҳмадзода ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилоъи манбаъ сар аз санаи 19-уми феврал, ки гуфта мешавад оғози моҳи Рамазон дар кишвар аст, реҷаи таъмини барқ ба аҳолӣ зиёд карда мешавад.
Ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, маҳдудият ё "лимит"-и барқ ё ба истилоҳи мақомот маҳдудияти нерӯи барқ барои аҳолӣ дар моҳи Рамазон сабуктар мешавад.
“Барқ ба аҳолии кишвар аз соати 15-и баъди нисфирӯзӣ то соати 8-и субҳ ҳамарӯза дар моҳи шарифи Рамазон дода мешавад. Аз соати 8-и субҳ то 15-и нисфирӯзӣ барқ хомӯш карда мешавад”, - таъкид кардааст Қурбон Аҳмадзода, сухангӯи ширкати"Барқи тоҷик" ба Sputnik Тоҷикистон.
Яъне дар моҳи Рамазон дар як шабонарӯз аҳолӣ 17 соат бо қувваи нерӯи барқ таъмин мегарданд.
"Баъди Рамазон кӯшиш мекунем, ки агар сатҳи оби захиравии обанбор хуб бошаду боришот хуб шавад, шояд маҳдудияти барқ пурра аз байн бардошта шавад. Вале ин ҳама аз вазъи боду ҳаво ва боришот вобастагӣ дорад" - гуфт мусоҳиби мо.
Бояд гуфт, қаблан аҳолии минтақаҳои кишвар дар як шабонарӯз 7 соат барқ мегирифтанд.
Моҳи Рамазон дар Тоҷикистон 19-уми феврал оғоз шуда, то 20 март идома мекунад.
Сарфи назар аз зиёд шудани истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон, ҳамасола беш аз нисфи мардуми Тоҷикистон аз миёнаҳои моҳи сентябр то поёни апрел дар як шабонарӯз ҳамагӣ 6-7 соат барқ доранду халос.
Тарзи дурусти рӯзадорӣ дар моҳи мубораки Рамазон: маслиҳати пизишк
Ёдовар мешавем, ки Далер Ҷумъа, вазири энерҷӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ахир гуфта буд, ки дар моҳи Рамазон ба аҳолӣ барқи бештар дода мешавад.
Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” таъкид карда буд, кит зиёд кардани реҷаи таъмини барқ ​​ба аҳолӣ дар моҳи Рамазон аз сатҳи оби обанбори “Норак” ва резиши об ба дарёи Вахш вобаста аст.
Дар Тоҷикистон ҳамасола аз охири тирамоҳ то нимаи баҳор маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ мешавад. Ду соли охир он дар нимаи дуввуми моҳи сентябр оғоз мешавад.
Имсол дар Тоҷикистон аз “лимит”-и шадиди барқ ҷорӣ шудааст, ки дар бархе минтақаҳо дар як шабонарӯз ба мардум аз 2 то 4 соат бо барқ медиҳанд.