ДУШАНБЕ, 18 фев - Sputnik. Раисҷумзури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сарвазири Узбекистон Абдулло Ориповро, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистон баррасӣ кард.
Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар таъкид кардааст, ки сарвазири Узбекистон Абдулло Ориповро бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад.
Ба иттилои манбаъ, дар рафти суҳбат вазъи кунунӣ ва дурнамои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистон муҳокима гардид.
Ҳамчунин тарафҳо роҳҳои рушд ва густариши минбаъдаи равобитро баррасӣ карданд.
Тарафҳо аз тамоюли мусбати афзоиши тиҷорати дуҷониба ва сармоягузорӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот ба имкониятҳои зиёд барои пешрафти минбаъдаи ин раванд дар соҳаҳои гуногуни саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак ишора кард.
Ҷонибҳо инчунин ба густариши минбаъдаи мубодилаи фарҳангӣ ва башардӯстона таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Кишвардори Тоҷикистон кори муассири Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодиро, ки ҷаласаи охирини он имрӯз дар Душанбе баргузор шуд, таъкид кард.
Ҷонибҳо хостори идомаи муколамаи созанда ва боэътимоди байнидавлатӣ дар тамоми самтҳо шуданд.
Тарафҳо таваҷҷуҳи хос ба таъмини омодагии босифат ба мулоқотҳо ва музокироти сатҳи олии дарпешистода зоҳир карданд.
“Доир ба ҷадвали ташкил ва гузарондани чунин чорабиниҳои байнидавлатӣ дар соли равон мубодилаи афкор сурат гирифт”, - қайд кардааст манбаъ.