ДУШАНБЕ, 17 фев - Sputnik. Вазири ҳамгироӣ ва макроиқтисоди Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) Дониёр Иманалиев натиҷаҳои рушди макроиқтисодии кишварҳои Панҷгонаи АвруОсиёро барои соли 2025 эълон кард.
Комиссия тахмин мезанад, ки табодули коло миёни кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар соли гузашта ба 95 миллиард доллар расид.
Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2025 интиқоли мол ба бозори умумии Иттиҳод аз маҳсулоти хӯрокворӣ, матоъ ва пойафзол 20%, маҳсулоти чӯб ва селлюлоза ва коғаз 14% ва маҳсулоти кимиёвӣ 2,3% афзоиш ёфтааст.
Ҳиссаи тиҷорати мутақобила дар гардиши тиҷорати хориҷии ИИАО дар моҳҳои январ-ноябри соли гузашта 20%-ро ташкил дод.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.