ДУШАНБЕ, 17 фев - Sputnik. Дар ҳоле ки музокироти Украина дар Женева оғоз ёфт, як мақоми амрикоӣ изҳор дошт, ки Иёлоти Муттаҳида "хушбин боқӣ мемонад ва умедвор аст, ки низоъ ҳал шавад", хабарнигори CNN Ҳейли Бритский хабар медиҳад.
"Мо хушбин боқӣ мемонем, умедворем, ки низоъ ҳал шавад", хабарнигор дар саҳифаи X-и худ аз як мақоми амрикоӣ иқтибос меорад.
Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков қаблан эълон карда буд, ки даври нави музокирот байни Русия, ИМА ва Украина 17-18 феврал дар Женева баргузор мешавад.
Ҳайати Русияро дар музокирот ёвари президент Владимир Мединский роҳбарӣ мекунад.
Ба ҳайати он инчунин муовини вазири корҳои хориҷӣ Михаил Галузин ва сардори Сарраёсати генералии Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Русия Игор Костюков шомиланд.