ДУШАНБЕ, 16 фев – Sputnik. Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу шартҳоеро ироа кард, ки давлати яҳудӣ созишнома бо Эронро дар пайи риояи он қобили қабул мешуморад.
Ба гуфтаи ӯ, Теҳрон бояд аз ҳама гуна қобилияти ғанӣ гардонидани уран маҳрум карда шавад, барномаи мушакии он ба масофаи 300 километр маҳдуд карда шавад ва дастгирии нерӯҳои минтақавии тарафдори Эрон барҳам дода шавад.
Дар конфронси раисони созмонҳои пешбари яҳудии Амрико, Нетаняҳу қайд кард, ки президенти ИМА Доналд Трамп қасд дорад, ки ҳама роҳҳоро барои расидан ба созиш истифода барад.
Ба гуфтаи Нетаняҳу, Трамп бовар дорад, ки Эрон хатои дафъаи гузаштаро, ки боиси муқовимати низомӣ дар моҳи июни соли 2025 гардид, пурра дарк мекунад ва имрӯз шароит фароҳам оварда шудааст, то Эрон имконияти созишро аз даст надиҳад.
"Ман аз шумо пинҳон намедорам, ки ба ҳама гуна созишнома бо Эрон шубҳа дорам, зеро ростқавлона гӯям, Эрон танҳо дар як чиз боэътимод аст: онҳо дурӯғ мегӯянд ва фиреб медиҳанд. Аммо ман гуфтам, ки агар созишнома ба даст ояд, он бояд якчанд ҷузъҳоро дар бар гирад, ки ба назари мо на танҳо барои амнияти Исроил, балки барои амнияти Иёлоти Муттаҳида, минтақа ва тамоми ҷаҳон низ муҳиманд",- гуфт Нетаняҳу.
Нетаняҳу ду шарти аввалро ҳамчун хориҷ кардани тамоми урани ғанишуда аз Ҷумҳурии Исломӣ ва барҳам додани тамоми имконоти ғанисозии урани оянда номид.
Шарти сеюми Исроил роҳи ҳалли масъалаи мушакҳои баллистикӣ аст. Ба гуфтаи Нетаняҳу, масофаи мушакҳои баллистикии Эрон бояд ба низоми назорати технологияи мушакӣ (РКРТ) мувофиқат кунад ва набояд аз 300 километр зиёд бошад, яъне онҳо набояд ба қаламрави Исроил бирасанд.
"Ва нуқтаи чорум ин аст, ки меҳвари террореро, ки Эрон сохтааст, боздорем ва аз байн барем. Он нобуд карда шуд, аммо ҳоло ҳам вуҷуд дорад. Он кӯшиш мекунад, ки худро мисли худи Эрон барқарор кунад", - қайд кард Нетаняҳу.
Қаблан, CBS News бо истинод ба манбаъҳо хабар дода буд, ки президенти ИМА Доналд Трамп ба Нетаняҳу итминон додааст, ки агар байни Вашингтон ва Теҳрон созиш ба даст наояд, ИМА аз ҳамлаҳои Исроил бар зидди барномаи мушакҳои баллистикии Эрон пуштибонӣ мекунад.
Пеш аз ин, Трамп таҳдид карда буд, ки агар созиш бо ИМА ба даст наояд, Эрон бо "чораҳои хеле сахт" рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Президент инчунин аз Теҳрон даъват кард, ки ба як созишномаи "одилона ва баробар" бирасад, ки дастрасӣ ба силоҳи ҳастаиро аз байн мебарад. Ӯ ҳушдор дод, ки дар акси ҳол, кишвар бо ҳамлаи "хеле пурқувваттар" нисбат ба ҳамлаи тобистони соли 2025 рӯбарӯ хоҳад шуд.
Қаблан вазири корҳои хориҷии Эрон гуфт, ки дар музокироти Эрон ва Амрико танҳо масъалаи барномаи ҳастаии Теърон барасӣ мешавад ва масъалаҳои барномаи мушакӣ қобили баҳс нест.
Муовини вазири корҳои хориҷии Эрон Маҷид Тахт Равончӣ дар мусоҳибае ахиран гуфт, ки агар амрикоиҳо барои музокира дар бораи бекор кардани таҳримҳо омода бошанд, Эрон омода аст бо Иёлоти Муттаҳида дар бораи барномаи ҳастаии худ созиш кунад.
"Амрико бояд исбот кунад, ки мехоҳад ба созиш бирасад. Агар ниятҳои он самимӣ бошанд, ман итминон дорам, ки мо ба ин ноил хоҳем шуд", - гуфт муовини вазир.
Ёдовар мешавем, ки даври нави музокироти Ҷумҳурии Исломӣ ва ИМА имрӯз дар Женева дар назар аст. Мақомоти ҳарду кишвар барои он вориди Шветсария шудаанд.