Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Дар Ғарб пас аз конфронси Мюнхен аз фалокати Украина гуфтанд

Нашрияи Spiegel навиштааст, ки Украина бинобар бӯҳрон дар равобит бо ИМА барои Аврупо ба авлавияти дуюмдараҷа табдил меёбад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 фев – Sputnik. Конфронси Мюнхен нишон дод, ки кишварҳои Ғарб дигар ягон нақшае барои дастгирии Киев надоранд ва барои Аврупо масъалаи Украина ба пасманзар гузошта мешавад, менависад рӯзномаи олмонии "Der Spiegel".
"Онҳо (аврупоиҳо) дар бораи нақшаҳои худ ва ягон ташаббусе барои хотима додан ба ин ҷанг тасаввуроте надоранд. Кафолатҳои эҳтимолии амнияти Аврупо чӣ гуна буда метавонанд, ки ин ҳам норавшан боқӣ мемонад. Дар Мюнхен баъзан чунин ба назар мерасид, ки гӯё аврупоиҳо Украинаро аз назар дур мекунанд, гӯё низоъ дар он ҷо аз сабаби нигарониҳо дар бораи муносибатҳои трансатлантикӣ ба пасманзар гузошта шудааст", - қайд кардааст рӯзнома.
Ғайр аз ин, ба гуфтаи муаллифи мақола, норозигӣ аз роҳбарияти ИА, ки худро аз ҳалли воқеан масъалаҳои ҷиддӣ ба монанди Украина дур кардааст, дар минтақа афзоиш меёбад.
Сиёсатмадорони аврупоӣ ба таври ошкоро аз сиёсати пешгирифтаи фон дер Лейен ва Кая Каллас норозигӣ баён кардаанд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Рубио дар бораи пешрафти раванди музокирот оид ба Украина гуфт
"Раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен дар ҳалли масъалаҳои муҳим берун аз сиёсати тиҷорат нақши махсусан фаъол надорад. Арзёбии Намояндаи Олӣ Кая Каллас боз ҳам шадидтар аст", - гуфта мешавад дар мақола.
Қаблан расонаҳо хабар доданд, ки Владимир Зеленский дар музокирот бо шарикони аврупоии худ дар ҳошияи конфронси Мюнхен ноком шудааст.
Қайд карда шуд, ки ҷаласае бо иштироки онҳо, ки ба маблағгузории мусаллаҳкунии Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина бо истифода аз дороиҳои мунқамидшудаи Русия бахшида шуда буд, ноком шудааст.