ДУШАНБЕ, 16 фев – Sputnik. Ҷазо барои афроде, ки аз ҳақпули фарзандон ва ё алимент сарпечӣ мекунанд, дар Тоҷикистон оянда сахттар хоҳадшуд.
Дар ин Аҳтам Абдуллозода, раҳбари Хадамоти иҷро дар дидор бо хабарнигорон изҳор дошт.
Ӯ гуфт, дар назар аст, ки оянда чунин афрод аз ҳуқуқи истифодаи хидматрасониҳои давлатӣ ва хадамоти гуногун мисли пардохти андоз барои воситаи нақлиёт, сабти туйи домодиву арусӣ, иҷоза барои оғози корҳои сохтмонӣ низ маҳрум шаванд.
Ҳоло барои ин амал маҳдудияти хуруҷ аз кишвар ва ҳатто парвандаи ҷиноиву зиндон пешбинӣ шудааст.
Ба гузориши Абдуллозода соли гузашта алайҳи 270 падар барои напардохтани “алимент” парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ин нишондод нисбат ба соли 2024 50 адад бештар аст.
Дар ин давра ҳамчунин, соли 2025-ум 753 падар барои напардохтани “алимент” ва пинҳон кардани маҳалли зисташон дар ҷустуҷӯйи қарор гирифтаанд. Теъдоди падарони дар пайгард буда нисбат ба соли 2024 239 ҳолат бештар шудааст.
Дар ин бора Аҳтам Абдуллозода, сардори Хадамоти иҷро, ниҳоди амалӣ кардани амру дастурҳои додгоҳ имрӯз, 10-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ҳамчунин ин ниҳод хуруҷи 13 ҳазору 765 падарро ба хориҷ маҳдуд кардааст. Таъкид мешавад, ки ин афзод барои напардохти “алимент” дар “рӯйхати” сиёҳ қарор гирифтаанд. Аз ин шумор дар соли 2025 беш аз 8,3 ҳазор танашон ба ин рӯйхат шомилшудаанд.
Таъкид шудааст, ки дар ин давра аз падарон дар Тоҷикистон ба манфиати модару кӯдак қариб 180 млн сомонӣ ситонида шудааст, ки назар ба соли 2024 беш аз 147 млн сомонӣ зиёд аст.