Воҳидзода: Тоҷикистониёни дорои шаҳрвандии Русия уҳдадориҳои ҳарбии худро иҷро кунед

Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, ягон шаҳрванди кишвар "барои иштирок дар муҳорибаҳои Украина", ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 фев - Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд, бояд уҳдадориҳои ҳарбии ин давлатро низ ба ҷо биёранд, таъкид кард зини нишасти матбуотӣ дар Душанбе додситонии кулли Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода.
“Ин бар асоси созишнома дар бораи душаҳрвандӣ миёни Тоҷикистону Русия мебошад”, - қайд кард Ҳабибулло Воҳидзода.
Ҳамчунин додситони кулли Тоҷикистон изҳор дошт, ки бар асоси қонунгузории Тоҷикистон, нисбати афроде, ки шаҳрвандии Русияро доранду аз ҷониби ин кишвар дар муҳориба бо Украина иштирок доранд, ҳаққи оғози парвандаи ҷиноӣ надорем.
“Паҳлӯи дигари масъала, агар шаҳрвандии Русияро надошта бошаду дар муҳориба иштирок намояд, дар ин ҳолат нисбаташ талаботи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар давлатҳои хориҷ татбиқ мегардад”, - тавзеҳ дод Воҳидзода.
Воҳидзода қайд кард, ки то имрӯз дар мақомоти додситонӣ дар бораи чунин ҳолатҳо маълумоти дақиқу расмӣ мавҷуд нестанд.
Нигаронии додситони кулли Тоҷикистон аз паҳншавии маводи мухаддири синтетикӣ миёни ҷавонон
Вай афзуд дар соли 2025 ягон парвандаи ҷиноятӣ нисбати тоҷикистониҳо барои иштирок дар задухӯрдҳо дар Украина оғоз шудагӣ нест, афзуд додситони кулли Тоҷикистон.
Қонунгузории Тоҷикистон ҳузури шаҳрвандонро дар ҷангҳои берунӣ манъ мекунад, вале мақомоти ҷумҳурӣ мегӯянд, то ин дам нисбат ба касе барои иштирок дар ҷанги Украина парвандаи ҷиноӣ боз накардаанд.