ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Додситони кулли Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода дар нишасти матбуотӣ, аз афзоиш ва паҳн гардидани моддаҳои писохотропӣ, аз ҷумла ҳабҳои синтетикӣ дар байни ҷавонон изҳори нигаронӣ намуда.
"Чунин зуҳурот ба генофонди миллат таъсири манфӣ мерасонад ва он бояд пешгирӣ карда шавад", - таъкид додситони кулл.
Ҳабибулло Воҳидзода афзуд, ки мақомоти интизоми дар марказҳои дилхушӣ, бозиҳои компютерӣ ва дигар клубҳо барои ҷилавгирӣ аз истифодаи моддаҳои психотропӣ, хусусан ҳабҳои синтетикӣ рейду санҷишҳо мегузаронанд.
Зимни ин санҷишҳо дар бисёр ҳолатҳо шахсон муайян гардида, масъалаи ҷавобгарии онҳо гузошта мешавад.
Додситони кулл таъкид намуд, ки маводи синтетикӣ дар ҷумҳурӣ истеҳсол намешавад ва ягон озмоишгоҳ ҳам оид ба истеҳсоли маводи психотропӣ- ҳабҳои синтетикӣ дар ҷумҳурӣ вуҷуд надорад, балки он аз кишварҳои хориҷӣ- давлатҳои ҳамсоя бо ҳар гуна роҳҳои ғайриқонунӣ ворид карда мешавад.
Воҳидзода зикр кард, ки дар ин самт кормандони мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқи кишвар, ки бевосита дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ масъуланд, бояд ҳушёрию зиракиро аз даст надода, пеши роҳи воридоти моддаҳои психотропӣ, хусусан ҳабҳои синтетикиро гиранд.
“Афзоиш ва паҳн гардидани он дар байни ҷавонон, хусусан ҷавондухтарон хеле нигаронкунанда аст”, - гуфт додситони кулл.
Ёдовар мешавем, ки ахиран мудири Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон Зафар Самад ахиран дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки соли 2025 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷумҳурӣ 5 тоннаю 280 кг маводи нашъаовар аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира карда шуд, ки нисбат ба соли 2024 898 кг 835 грамм ё 21 фоиз зиёд мебошад.
Инчунин аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ соли 2025 253 кг 417 грамм моддаҳои психотропӣ мусодира карда шуданд, ки нисбат ба соли 2024 142 кг ё 2 маротиба зиёд мебошад.
Аз ин миқдор 247 килограмм ё 97 фоизи онро метамфетамин ташкил дод. Таъкид гардид, ки ҳаҷми метамфетамини соли 2025 мусодирашуда дар таносуб ба соли 2024 2,3 маротиба ё 141 кг зиёд аст.