ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Рӯзномаи “New York Times” бо истинод ба мақомоти украинӣ хабар медиҳад, ки маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп фишорро ба Украина афзоиш дода, онро водор мекунад, ки дар доираи музокироти ҳалли низоъ ба Русия дар Донбасс гузаштҳои қаламравӣ кунад.
"Мақомоти украинӣ мегӯянд, ки маъмурияти Трамп фишорро ба онҳо афзоиш медиҳад, то ба Русия гузаштҳо кунанд ва то аввали тобистон ҷангро хотима диҳанд... ИМА ба Киев фишор меорад, то дар минтақаи шарқии Украина, ки бо номи Донбасс маъруф аст, гузашти қаламравӣ кунад", - гуфта мешавад дар мақола.
Рӯзнома таъкид мекунад, ки пеш аз додани ягон гузашт, Украина аз Ғарб кафолати амниятӣ мехоҳад. Аммо, сарфи назар аз музокироти тӯлонӣ ва талошҳои дипломатии маъмурияти Трамп, маълум нест, ки ин чӣ гуна шакл хоҳад дошт.
Айни замон, рӯзнома бо истинод ба вакили Радаи Олӣ Ярослав Юрчишин, қайд мекунад, ки зимни музокирот дар Имороти Муттаҳидаи Араб дар моҳи феврал, ИМА аз Украина даъват кард, ки интихоботи нави президентӣ рӯзи 15 май баргузор кунад ва таҳдид кард, ки агар Киев ба созиш, аз ҷумла интихобот, розӣ набошад, аз раванди музокирот даст мекашад.
Даври дуюми музокирот оид ба Украина 4 ва 5 феврал дар Абу-Дабӣ бо иштироки ҳайатҳои Русия, ИМА ва Украина баргузор шуд. Даври аввал 23-24 январ дар Абу-Дабӣ баргузор шуд. Музокирот паси дарҳои баста, бидуни матбуот баргузор шуданд. Русия интизор аст, ки даври дигар ба зудӣ баргузор шавад.