Маълум шуд, аз ҳисоби андоз ба буҷаи давлат чӣ миқдор маблағ ворид шудааст

Иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар соли 2025 дар Тоҷикистон ба андозаи 115,7% таъмин гардидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Кумитаи андоз ба буҷаи давлат нисбат ба нишодиҳандаи пешбинишуда, бештар маблағ ворид кардааст
Ҳамин тавр, ба буҷаи давлатӣ 26,5 млрд сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 3,5 млрд сомонӣ зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ, иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо дар
ВМКБ - 104,3%,
Хатлон - 103,1%,
Суғд - 107,1%,
Душанбе - 119,8%,
НТМ - 109,5%
ва Раёсати андози андозсупорандагони калон 114,8% таъмин гардидааст.
То 1 январи соли 2026 бақияи қарзи андозҳо дар миқёси ҷумҳурӣ дар маҷмуъ, беш аз 1 млрд сомониро ташкил додааст.
Ин нишондод нисбат ба соли пешин, ба масблағи 351 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Дар вилояти Суғд қарзи андоз ба 123 миллион сомонӣ расид
Дар баробари ин, барои рӯёнидани маблағи бақияи қарз дар ин давра аз тарафи мақомот, 16,5 ҳаз. адад қарор оид ба маҷбуран ситонидани андозҳо ба маблағи наздики 2 млрд сомонӣ қабул гардидааст, ки аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби соли 2024 дар маҷмуъ ба буҷа, беш аз 2 млрд сомонӣ ворид карда шудааст.