Воҳидзода: Барои "лайк" дигар ҷазо намедиҳанд

Додситони кулли Тоҷикистон таъкид кардааст, ки барои “лайк” дигар дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз намекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Содиркунии ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта дар Тоҷикистон соли гузашта нисбати соли 2024 беш аз 23% ё 314 адад кам шудааст,.
Дар ине бора додситони кулли Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода зимни нишасти матӣбуотӣ хабар дод.
“Ин коҳиш ба иҷрои дастури президент дар бораи худдорӣ аз оғози парвандаҳои ҷиноятӣ барои гузоштани лайку дигар аломатҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ буда, инчунин корҳои фаҳмондадиҳӣ низ тақвият дода шудаанд”, - афзуд додситони кулли Тоҷикистон.
Қайд карда шудааст, ки нисбати 405 нафар эзоҳи дахлдори марбут ба ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистию террористӣ татбиқ гардида, онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гардиданд.
Лайк дар шабакаҳои иҷтимоӣ дигар ҷавобгарии ҷиноятӣ надорад: Раҳмон қонунро имзо кард
Ёдовар мешавем, ки бекор кардани ҷавобгарӣ барои гузоштани "лайку репост" - ро, ки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ намудаанд, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи май имзо кад.
Масъалаи парвандасозӣ дар асоси "лайку репост"-ро низ кишвадор ба чолиш кашида буд.
Президент гуфта буд, ки баъзе мақомот нисбат ба онҳо беасос парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз менамоянд, ки ба ин амал бояд хотима дода шавад.
Қаблан раиси Додгоҳи олӣ Рустам Мирзозода, зимни нишасти хабарияш иттилоъ дод, ки парвандаҳои афроде, ки барои гузоштани “лайк”-у шарҳ дар интернет ҳукм гирифтанд, имкон дорад, ки бозбинӣ шавад.
Мирзозода гуфт, ки қонунгузории амалкунанда имкони бозбинии чунин парвандаҳоро пешбинӣ мекунад, аммо дар амал бештари муттаҳамон дар ин гуна ҷиноятҳо, тибқи моддаҳои дигар низ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
"Агар ҳукм танҳо дар мавриди "лайк ва репост" содир шуда бошад, додгоҳҳо омодаанд, ки чунин қарорҳоро бознигарӣ кунанд", - қайд кард Мирзозода.