ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Дар моҳи январ, Тоҷикистон татбиқи марҳилаи дуюми барномаи безараргардонии партовгоҳи радиоактивӣ, ки дар шимоли вилояти Суғд ҷойгиранд, оғоз кард.
Дар ин бора муовини вазири саноат ва технологияҳои нав Азиз Назар, хабар дод.
"Дар моҳи январи соли 2026, Тоҷикистон татбиқи марҳилаи дуюми барномаи безараргардонии шаш партовгоҳи радиоактивро, ки дар шимоли вилояти Суғд ҷойгиранд, оғоз кард; марҳилаи аввал дар соли 2023 ба анҷом расид", - гуфт мақомдори тоҷик.
Ба гуфтаи вай, марҳилаи аввали асосии безараргардонӣ дар шаҳри Табошар дар соли 2023 ба анҷом расид, ки дар он 7,6 миллион тонна безарар карда шуд ва масоҳати олудашуда 57,6 гектар кам карда шуд, ки 17,5% ҳаҷми умумии партовгоҳҳоро ташкил медиҳад.
Оқои Назар хабар дод, ки Вазорати саноат ва тиҷорати Русия барои марҳилаи дуюми барқарорсозӣ дар мавзеъҳои Табошар ва Адрасман беш аз 1,5 миллиард рубл ҷудо кардааст.
"То имрӯз, боз 47,4 миллион тонна партов боқӣ мондааст, ки масоҳати 123 гектарро фаро мегирад. МАГАТЭ омӯзиши имконпазирии сарбандҳои партовгоҳҳоро анҷом дода, 10 хатарноктаринро муайян кардааст, ки дар марҳилаи дуюм безарар гардонида мешаванд", - гуфт муовини вазир.
Вай қайд кард, ки марҳилаи сеюми корҳои барқарорсозӣ барои солҳои 2027-2029 ба нақша гирифта шудааст. Нақшаи ҳамкорӣ байни Вазорати саноат ва тиҷорати Русия, МАГАТЭ ва Вазорати саноати Тоҷикистон имзо шудааст. Ин нақша 10 минтақаро бо иқтидори 50 миллион тонна партов дар бар мегирад ва арзиши кор тақрибан 45 миллион долларро ташкил медиҳад.
"Нақша таъсиси системаи идоракунии бехатари партовҳои радиоактивӣ ва омӯзиши мутахассисони ватаниро дар бар мегирад, ки метавонанд ин корро дар муддати тӯлонӣ идома диҳанд", - афзуд Азиз Назар.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон конҳои уране ҳаст, ки дар давраи Шӯравӣ фаъолият мекарданд, инчунин якчанд корхонаҳои истихроҷ ва кимиёвӣ, ки маъданро коркард мекунанд вуҷуд дорад.