ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Сардори Ситоди муштараки СААД Андрей Сердюков, изҳор дошт, ки амалҳои Ғарб давом додани низоъ дар Украина равона шудаанд.
"Амалҳои Ғарб барои давом додани низоъи мусаллаҳона дар Украина омили муайянкунанда дар нигоҳ доштани ноустуворӣ дар минтақа мебошанд”, - гуфт ӯ.
Раванди сулҳи Украина
Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, ташаббуси ИМА интиқоли тамоми Донбасс ба назорати Маскав, эътироф кардани он ва Қрим ҳамчун қаламравҳои Русия, хатми қисми зиёди хатти тамос дар минтақаҳои Запороже ва Херсон, ду баробар кам кардани шумораи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ва манъи ҷойгиркунии нерӯҳои хориҷӣ ва силоҳҳои дурпарвоз дар Украинаро дар бар мегирифт.
Пеш аз мулоқот дар АМА музокироти Владимир Путин ва ҳайати роҳбарикунандаи намояндаи махсуси Доналд Трамп, Стив Уиткофф баргузор шуд.
Тавре ки Кремл қайд кард, амрикоиҳо эътироф карданд, ки бидуни ҳалли масъалаи қаламравӣ мувофиқи формулаи мувофиқашуда дар Анкориҷ, умеде барои ҳалли дарозмуддат вуҷуд надорад.
Қувваҳои Мусаллаҳи Украина бояд аз Донбасс берун раванд — ин шарти муҳим барои Маскав аст. Даври навбатии музокирот 4-5 феврал баргузор мешавад.