ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон аз роҳандозии Starlink хабар дод; тарҳе, ки интизор меравад битавонад мушкили дастрасӣ ба интернетро дар кишвар ба гунаи бунёдӣ ҳал намояд.
Ширкати SpaceX-и соҳибкори амрикоӣ Илон Маск, ки соҳиби Starlink аст ва намояндагии он дар Осиёи Марказӣ дар Қазоқистон ба кор андохтани ин низомро дар Тоҷикистон тасдиқ карданд.
Бо ин ҳол, коршиносон бар ин боваранд, ки дар шароити кунунӣ истифодаи Starlink дар Тоҷикистон, бахусус дар манотиқи кӯҳистон, метавонад барои амнияти кишвар хатароте ба ҳамроҳ дошта бошад. Маълумоти бештарро дар мақолаи Sputnik Тоҷикистон хонед.
Интернет барои минтақаҳои кӯҳистон
Starlink як низоми дастрасӣ ба интернет аз тариқи моҳвора мебошад ва ин ба он маъност, ки акнун дар саросари Тоҷикистон — кишваре ки 93 дарсади қаламрави он кӯҳистонӣ аст — дастрасӣ ба интернет бо истифода аз таҷҳизоти ин ширкат мумкин ва осонтар мегардад.
То имрӯз, истифодабарандагон дар манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон танҳо тавассути алоқаи мобилӣ ба интернет дастрасӣ доштанд; иртиботе ки кайфият ва суръати он дар тӯли солҳои зиёд ҳамеша мавриди интиқод ва баҳс қарор доштааст.
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бошад, дар арзёбии суръати интернети мобилӣ изҳор медорад, ки тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва таҳқиқоти соҳавӣ, суръати интернети мобилӣ дар кишвар дар сатҳи миёна қарор дорад.
“Ин амр ба омилҳои айнӣ вобаста аст; аз ҷумла ҷуғрофияи печида, густардагии қаламрави кишвар, тақсимоти нобаробари аҳолӣ ва ҳазинаи баланди рушди зерсохтҳо, ба вижа дар манотиқи кӯҳистонӣ”, — таъкид карданд дар ниҳод.
Аз ин рӯ Хадамоти матбуоти оҷонсӣ ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод, ки интернети баландсуръати Starlink асосан дар минтақаҳои дурдаст ва душвордастрас, инчунин дар ҷойҳое, ки шабакаҳои анъанавии алоқа дастрас нестанд ё фарогирии маҳдуд доранд, зарур хоҳад буд.
“Истифодабарандагони эҳтимолӣ метавонанд ҳам ашхоси воқеӣ бошанд ва ҳам ниҳодҳо, аз ҷумла марказҳои иҷтимоӣ (мактабҳо, муассисаҳои тиббӣ ва сохторҳои идорӣ)”, — таъкид карданд дар ин ниҳод.
Дар ҳоле ки баҳсҳо перомуни Starlink ва интизори ҳалли мушкили пӯшиши заифи алоқа дар манотиқи кӯҳистон бо роҳандозии хадамоти он идома дорад, Хадамоти алоқа идомаи насби бурҷҳои мухобиротиро дар ин манотиқ, зоҳиран барои ҳифзи роҳҳои алоқаи мувозӣ ё ҷойгузин, иқдоме мантиқӣ медонад.
“Масъалаи густариши шабака ҳамчунон як авлавият барои ниҳоди нозир ва операторони мобилӣ боқӣ мемонад. Роҳҳалҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор доранд, аз ҷумла сохтмони марҳилавии истгоҳҳои базавӣ, навсозии зерсохтҳои мавҷуд ва ҳамчунин истифода аз фанновариҳои ҷойгузин, аз ҷумла алоқаи моҳвораӣ, барои таъмини дастрасии ибтидоӣ ба интернет”, — гуфт ин ниҳод ба Спутник Тоҷикистон.
Яке дигар аз мавзуъҳои ҳамешагии баҳс қимати интернети мобилӣ ва ин суол аст, ки бо оғози фаъолияти Starlink, тарофаҳо боло мераванд ё поин. Маркази матбуотии Хадамоти алоқа эълом кард, ки то ҳол ҳеч қарори расмие дар мавриди боло ё поин бурдани тарофаҳои интернети мобилӣ дар соли 2026 гирифта нашудааст.
“Нархгузорӣ дар чорчӯби қонунгузории ҷорӣ ва шароити бозор шакл мегирад. Интизор меравад, ки ҳазинаи хадамот нисбатан собит боқӣ бимонад ва воридшавии фанновариҳои нав ба гунаи марҳилавӣ ва мутавозин сурат гирад, бидуни тағйироти ногаҳонӣ барои истифодабарандагони ом”, — таъкид карданд дар ниҳод.
Бар асоси иттилооти Маркази матбуотии Хадамоти алоқа, нархҳои расмии таҷҳизот ва барномаҳои тарофавии Старлинк барои Тоҷикистон дар вебсайти расмии Старлинк — Тоҷикистон мунташир шудаанд.
"Ҳаққи моҳона бо дарназардошти молиёт 1100 сомонӣ мебошад ва қимати таҷҳизот вобаста ба навъ аз 2000 то 2900 сомонӣ тағйир мекунад”, — эълом карданд дар ниҳод.
Бехатар аст ё не?
Дар айни ҳол, бо дарназардошти он, ки Хадамоти алоқа роҳандозии Starlink дар Тоҷикистонро гоме ба пеш дар рушди бахши мухобирот медонад, метавон гумон бурд, ки ин тағйирот бидуни ризоият ё иҷозаи расмии ниҳодҳои амниятии кишвар сурат нагирифтааст.
Бо ин вуҷуд, коршиносони умури амният бар ин назаранд, ки дар шароити печида ва пуртаниши амниятӣ дар ҷаҳон ва минтақа, истифода аз Старлинк ва алоқаи моҳвораӣ метавонад паёмадҳои манфӣ низ ба ҳамроҳ дошта бошад.
Нурулло Ҳусейнов, коршиноси умури амниятӣ, гуфт, таҷрибаи ҷанги Украина ва ҳамчунин рӯйдодҳои ахир дар Эрон нишон додааст, ки дар сурати набуди контрол бар фаъолияти Старлинк ё адами фанновариҳои муқобила бо он, наметавон ба амнияти истифодаи он ба таври комил итминон дошт.
“Аз он ҷо ки мақомоти Тоҷикистон фаъолияти Старлинкро иҷоза додаанд, танҳо метавон умедвор буд, ки аз дидгоҳи амниятӣ замонатҳо ва тазминҳои лозим вуҷуд доранд. Дар ғайри он, кишваре кӯҳистонӣ, ки бахши қобили таваҷҷуҳе аз марзҳояш бо Афғонистони ноором — паноҳгоҳи созмонҳои террористӣ — ҳаммарз аст, наметавонад ба чунин хатаре таваҷҷуҳ накунад".
Ба бовари мутахассисон, роҳандозии Старлинк воқеан метавонад мушкили дастрасӣ ба интернетро дар Тоҷикистон ба гунаи решагӣ ҳал намояд, аммо ин дастовард набояд боиси пайдоиши мушкилоте гардад, ки барои кишвар ба маротиб хатарноктар бошанд.