Кишварҳои ИДМ ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 3 млрд. доллар сармоягузорӣ карданд

Мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши назарраси воридоти сармояи хориҷӣ ба иқтисоди кишвар дар соли гузашта хабар додаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Дар соли 2025 ба иқтисодиёти Тоҷикистон 6,9 млрд доллар сармояи хориҷӣ ворид шудааст, ки ин нишодиҳанда нисбат ба соли 2024 дар ҳаҷми 1,8 млрд. доллар ё 35,1% зиёд мебошад.
Дар ин бора ахиран раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Султон Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи вай, воридоти сармояи хориҷӣ аз давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) 3 млрд долларро ташкил додааст ва нисбат ба соли 2024 дар ҳаҷми каме беаз 1 млрд. доллар зиёд шудааст.
Воридоти сармояи хориҷӣ аз кишварҳои хориҷии дур бошад, 3,9 млрд долларро ташкил дод, дар муқоиса ба соли 2024 731,3 млн. доллар зиёд шудааст.
ММД-и кишварҳои ИИАО дар моҳҳои январ-сентябри соли 2025 1,7% афзоиш ёфт
Ба иттилои Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-декабри соли 2025 бо шарикони рушд 31 созишномаи қарзию грантӣ вобаста ба татбиқи 25 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 619 млн. доллар ба имзо расонидаас, ки татбиқи ин лоиҳаҳо дар самти рақамикунонӣ, нақлиёт, обтаъминкунӣ, тандурустӣ, энергетика, рушди соҳибкорӣ, таъминоти гармӣ, экология, кишоварзӣ ва инноватсияро дарбар мегирад.