ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Раёсати Шурои уламои Тоҷикистон нисоби закотро 64000 сомонӣ муқаррар кардаст, ки аз ин 1600 сомонӣ закот муқаррар гардидаст.
Дар ин бора Кумитаи дини Тоҷикистон бо такя ба Шӯрои уламои кишвар иттилоъ додаст. Манбаъ афзуд, ки моҳи шарифи Рамазон дар кишвар 19-уми феврал оғоз меёбад.
Тақвими мазкур аз тарафи Раёсати Шурои уламо ва дар асоси пешниҳоди хулосаи Институти Астрофизикаи Академияи миллии илмҳои кишвар тасдиқ шудааст.
Дар ин баробар садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ баробар ба 7 сомонӣ ба ҳисоби гандум ва 72 сомонӣ ба ҳисоби мавиз (барои шахсоне, ки тавоноии молии бештар доранд) ва фидяи савм дар моҳи Рамазони соли 2026 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ё бемороне, ки умеди беҳбудӣ надоранд, ба миқдори 420 сомонӣ барои 30 рӯз муайян гардид.
Моҳи Рамазон-2026 дар Тоҷикистон
© Sputnik
Гирифтани рӯза аз рукнҳои дини мубини Ислом шумурда мешавад. Мусалмонон дар ин моҳ аз хӯрдану нӯшидан аз субҳ то шом худдорӣ мекунанд, инчунин ба намоз ва хондани Қуръон вақти бештар ҷудо менамоянд.
Бо фарорасии шом тӯли ин моҳ масоҷиди кишвар серодам хоҳанд буд. Мусалмонон талош мекунанд, ҳадди ақал дар ин моҳ дар намозҳои дастаҷамъона, ки савоби бештар доранд, зиёдтар ширкат намоянд.
Барои онҳое, ки узри шаръӣ доранд, яъне ё беморанд ё пиру бо сабабҳои дигаре рӯза дошта наметавонанд, додани фидияи савм маслиҳат мешавад.
Моҳи Рамазон 30 рӯзро дарбар мегирад ва пас аз анҷоми рӯзадорӣ Иди Фитр таҷлил мегардад.