Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Боздошти як марзшикан ва фирори се тани дигар: Ҳодисаи нав дар сарҳад бо Афғонистон

Тавре КДАМ Тоҷикистон хабар дод, як нафар аз як гурӯҳи чорнафарӣ, ки аз хоки Афғонистон ба ҳудуди кишвар гузашта буд, дастгир ва се нафари дигар фирор кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 фев – Sputnik. Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар баёнияе гуфт, ҳодиса шаби 10-уми феврал дар дидбонгоҳи сарҳадии "Дарқад" дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон рӯх дод.
Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз онҳо қочоқбар ном бурдаааст.
Як нафар қочоқбар Авалмир валади Абдулҳаким, тахминан 45-сола, сокини қарияи Майдапатаи вулусволии Дарқади вилояти Тахори Афғонистон боздошт ва аз ӯ 46 баста маводи мухаддири навъи “ҳашиш” мусодира гардид. Ба аъзои боқимондаи гурӯҳи нашъаҷаллоб муяссар шуд, ки бо истифода аз торикии шаб ба самти Афғонистон фирор намоянд.,” – гуфта шудааст дар хабарномаи мақомот.
Ба иттилои расмӣ, дар ҷойи ҳодиса ду камераи резинӣ ҳам гирифта шудааст, ки "қочоқбарон ҳангоми убури сарҳад аз он истифода бурдаанд."
Қайд карда шудааст, ки вобаста ба далели мазкур аз тарафи КДАМ-и Тоҷикистон бо дастрасии моддаҳои 200 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан), 289 (Қочоқ) ва 335 (Ғайриқонунӣ гузаштани сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)-и Кодекси ҷиноятии кишвар парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Тоҷикистон азми кишварҳоро барои таҳкими ҳамкорӣ бо Афғонистон истиқбол мекунад
Ёдовар мешавем, ки дар зарфи чанд моҳи ахир бори севум аст, ки КДАМ аз мавридҳои убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон хабар медиҳад.
Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар моҳи январ эълон карда буданд, ки чаҳор узви як созмони террористиро дар сарҳад бо Афғонистон маҳв кард.
Ин дар ҳолест, ки Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯйи ҳукумати Толибон*, онҳоро “қочоқбар” номида буд.
Аз он пеш, дар натиҷаи ҳамлаи се узви як гурӯҳи террористӣ дар марз ва дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ду марзбони тоҷик Исматулло Қурбонов ва Зиреҳбон Наврӯзбеков кушта шуданд.