Тиҷорати Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷи дур кам, вале бо кишварҳои ИДМ зиёд шуд

Тиҷорати Тоҷикистон дар соли 2025 бо кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил беш аз 42% афзоиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Дар моҳҳои январ — декабри соли 2025 Тоҷикистон бо 127 кишвари ҷаҳон, аз он ҷумла бо 10 мамлакатҳои ИДМ ва бо 117 мамлакати хориҷи дур тиҷорат кардааст.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии омори Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода хабар дод.
Ба гуфтаи вай, дар соли 2025 нисбат ба моҳи декабри соли 2024 гардиши савдои хориҷӣ 12,3% ё 124,1 млн доллар зиёд мебошад.
Ҷамшед Нурмаҳмадзода қайд кард, ки гардиши савдои хориҷӣ дар моҳи декабри соли 2025 нисбат ба моҳи декабри соли 2024 бо мамлакатҳои ИДМ 42,3% ё 163,9 млн доллар зиёд шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон барои кушодани тиҷорат ба занону ҷавонон кумаки молиявӣ кард
Дар ҳамин ҳол ба иттилои оқои Нурмаҳмадзода тиҷорати Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷи дур 6,4% ё 39,6 млн доллар кам шудааст.
Дар соли 2025 содироти мол дар моҳҳои январ — декабр 2,4 млрд. долларро ташкил карда, ки нисбат ба соли 2024 27, 7 фоиз ё 540, 5 млн доллар зиёд шудааст.
Таъкид гардид, ки шарикони асосӣ оид ба содирот давлатҳои Чин бо 21,1% аз ҳаҷми умумии содирот, Нидерланд – 16,3%, Швейтсария – 13,3%, Узбекистон – 11,1%, Русия – 9,7%, Туркия – 8,6%, Эрон – 4,5%, Қазоқистон – 3,4%, Белгия – 3,3% ва дигар давлатҳо мебошанд.
Воридоти мол ба кишвар 8,3 млрд. долларро ташкил кардааст, ки нисбат ба соли 2024 18,5 фоиз ё 1,2 млрд млн доллар зиёд шудааст.