ДУШАНБЕ, 7 фев – Sputnik. Кишварҳои узви ИИАО таъминкунандаи асосии Тоҷикистон бо гази моеъ мебошанд.
Дар ин бора, Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон хабар дод.
Ҳамин тавр, давоми соли 2025 воридоти гази моеъ ба ҷумҳурӣ ба миқдори:
210 ҳазор тонна ё 60% аз Қазоқистон,
139 ҳазор тона ё 39,7% аз Русия,
548 тонна ё 0,2% аз Туркманистон сурат гирифтааст.
Ҳамчунин соли гузашта 15 субъект ба Тоҷикистон қариби 350 ҳазор тонна гази моеъ ба маблағи 239 млн доллар ворид кардаанд.
Нархи миёна 683 доллар барои як тоннаро ташкил дод, ки нисбати соли пешӣ ҳамагӣ 2 доллар бештар мебошад, иттилоъ дод Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон.
Ҳаҷми воридоти гази моеъ қариби 19 ҳазор тонна коҳиш ёфтааст, афзуд манбаъ.
Қаблан хабар дода шуд, ки интиқоли нафт ва гази моеъ аз Русия ба Тоҷикистон дар соли 2025 дар маҷмӯъ 1,2 млн тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2024 180 ҳазор тонна зиёдтар аст. Афзоиш 17,5% -ро ташкил медиҳад.
Бино ба пешгӯии коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ, қариб нисфи иқтисоди Тоҷикистон аз воридот вобаста аст.