ДУШАНБЕ, 6 фев – Sputnik. Тоҷикистон азми кишварҳоро барои таҳкими ҳамкорӣ бо Афғонистон истиқбол мекунад.
Дар ин бора, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти хабарӣ изҳор дошт, гузориш медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
"Душанбе пайваста аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват менамояд, ки Афғонистонро дар барообари мушкилоташ танҳо нагузорад", - гуфт вазир.
Дар баробири ин, Муҳриддин зикр кард, ки кишварҳо бо назардошти манофеи миллияшон ҳамкориро бо ин давлати ҳамсоя роҳандозӣ карда истодаанд, изҳор дошт вазири умури хориҷии Тоҷикистон.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин масъалаи ҳамлаҳои афзоянда аз Тоҷикистон ба хоки Тоҷикистонро шарҳ дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар робита ба ҳамлаҳои афзояндаи мусаллаҳ аз Афғонистон ба Тоҷикистон мақомоти ду кишвар кор карда истодаанд.
"Ниҳодҳои дахлдори мақомоти Тоҷикистону Афғонистон дар масоили марз дар тамосанд, ҷониби Кобул ваъда додааст, ки ҳаводисро мунсифона таҳқиқ хоҳад кард", - , изҳор дошт вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин.
Ин дар ҳолест, ки давоми ду моҳи охир аз Афғонистон ба хоки Тоҷикистон се ҳамлаи мусаллаҳона анҷом дода шуд.
Дар паи ин даргириҳо ду марзбони тоҷик кушат шуда, тақрибан 8 террористи афғон нобуд карда шуданд.