Оверчук: Ӯзбекистон ба ҳамкорӣ бо ИИАО дар соҳаи гумрук манфиатдор аст

Муовини сарвазири Русия инчунин ёдовар шуд, ки Узбекистон ба наздикӣ ба Бонки рушди АвруОсиё пайваст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 фев – Sputnik. Узбекистон ба рушди ҳамкорӣ бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар соҳаҳои нақлиёт ва транзити гумрукӣ манфиатдор аст.
Дар ин бора, муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук ба хабарнигорон гуфт.
"Мо бори дигар мегӯем, ки ИИАО иттиҳодияест, ки дар он кишварҳо худашон қарор медиҳанд, ки ба он ҳамроҳ шаванд ё не. Дар мавриди Узбекистон - ин кишвар айни замон нозир аст ва равандҳоеро, ки дар дохили ИИАО рух медиҳанд, аз ҷумла онҳоеро, ки мо дар соҳаҳои нақлиёт ва транзити гумрукӣ бастаем, фаъолона назорат мекунад. Дар ин ҷо аз ҷониби Узбекистон таваҷҷӯҳи зиёд вуҷуд дорад", - гуфт ӯ.
Оверчук инчунин қайд кард, ки Ӯзбекистон ба наздикӣ ба Бонки рушди АвруОсиё ҳамроҳ шуд.
"Ҳеҷ кас онҳоро шитоб намедиҳад ё аз онҳо хоҳиш намекунад, ки ба (ИИАО - таҳрир) ҳамроҳ шаванд. Ин қарори онҳост. Албатта, дар шароити имрӯза мо мебинем, ки иқтисодҳое, ки барои рушд ва густариши иқтидорҳои худ, аз ҷумла иқтидори тиҷоратӣ, талош мекунанд, бо ин ё он роҳ ба иттиҳодияҳои ҳамгироӣ ҳамроҳ мешаванд, ки ба онҳо фишанги заруриро барои рушди иқтисодӣ фароҳам меоранд", - гуфт ӯ.
Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки дар минтақаи шимолии АвруОсиё бузургтарин иқтисод Русия аст.
Узбекистон тиҷораташро бо кишварҳои ИИАО ба 17,5 млрд доллар расонд
Ва он ҳамчун марказ барои истеҳсолкунандагон, аз ҷумла онҳое, ки аз Узбекистон ҳастанд, хизмат мекунад, то дар бозори мо худро бароҳаттар ҳис кунанд ва дастрасии беҳтар ба он дошта бошанд", - қайд кард муовини сарвазири Русия.