ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон аз муҳоҷирон даъват карданд, ки талаботи навро дар Федератсияи Русия риоя кунанд.
Дар ин бора намояндагии Вазорати меҳнати ҷумҳурӣ хабар дод.
Вазорат изҳор дошт, ки муҳоҷирон бояд қоидаеро, ки бо фармони нави Вазорати нақлиёти Русия аз 4 феврали соли 2025 муқаррар шудааст, риоя намоянд.
Тибқи ин фармон, дар ҳолати зарурӣ, кормандони метрополитени Маскав метавонад илова бар чораҳои мавҷудаи амнияти нақлиётӣ, телефонҳои мобилии шаҳрвандонро санҷанд.
Вазорати меҳнати Тоҷикистон инчунин ба шаҳрвандон тавсия дод, ки қонунҳои кишвари мизбонро риоя кунанд ва агар ҷустуҷӯ анҷом дода шавад, ба кормандони амниятии метро халал нарасонанд.
Вазорат таъкид кард, ки мувофиқи фармони Вазорати нақлиёти Русия, таҷҳизоти аудио ва видео, телефонҳои мобилӣ ва компютерҳои шахсӣ бо роҳи фаъол кардани онҳо ва санҷидани фаъолияти онҳо санҷида мешаванд.
Қаблан, вакили Думаи давлатӣ Олег Леонов изҳор дошт, ки кормандони метро ҳаққи дидани мундариҷаи дастгоҳҳои мусофиронро надоранд, балки танҳо метавонанд фаъолияти онҳоро сабт кунанд.
Ба гуфтаи сиёсатмадор, ин тадбир барои таъмини амнияти нақлиётӣ равона шудааст.
Ҳангоми санҷишҳо, афсарон бояд боварӣ ҳосил кунанд, ки ягон кӯшиши қочоқи чизе ғайриқонунӣ бо баҳонаи таҷҳизоти аудио ё видеоӣ анҷом дода намешавад. Вакил инчунин таъкид кард, ки чораи нав интихобӣ хоҳад буд.