Шикояти мардон аз зӯроварии занон дар Тоҷикистон бештар шудааст

Аммо, дар баробари ин зӯроварӣ нисбати занон низ зиёд шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Шикояти мардон аз зӯроварии занон низ дар Тоҷикистон бештар шудааст.
Дар ин бора, Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон дар нишасти хабарӣ гузориш дод.
Ба гуфтаи ӯ, тайи соли 2025 ба Кумитаи занон 590 шикояти мардон аз зӯроварии занон ворид ва сабт шудааст.
Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 36 ҳолат бештар аст.
Аммо зӯроварӣ нисбати занон 367 ҳолат афзоиш ёфта, ба 3609 адад расидааст.
Дар баробари ин, дар Тоҷикистон имсол ҷиноятҳо нисбати занон афзоиш ёфтааст.
Тибқи маълумоти Кумитаи кор бо занон ва оила, дар соли 2025, дар кишвар 3423 ҷиноят нисбати занон ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли 2024 177 ҷиноят зиёдтар аст.
Дар Тоҷикистон Шӯрои пешгирӣ аз зӯроварӣ дар оила таъсис ёфт
Ҳамчунин 288 ҷиноят алайҳи духтарон сабт шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 80 ҷиноят зиёд аст.