Дӯстии абадӣ: Дар Маскав шоми дӯстии Русияву Тоҷикистон баргузор шуд

Ин чорабинӣ дар доираи Намоишгоҳи VI-уми санъат ва саноат ва Форуми "Русияи беназир" дар "Гостиный Двор" баргузор гардид
Sputnik
Дар Маскав шоми дӯстии Русия ва Тоҷикистон баргузор шуд. Сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев меҳмононро тариқи паёми видеоӣ истиқбол кард, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода низ паёми шодбошӣ фиристод.
Ин чорабинӣ дар толори "Гостиний Двор" дар доираи 6-умин Намоишгоҳ ва Форуми санъат ва саноатии "Русияи беназир" баргузор гардид.
Арбобони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, намояндагони доираҳои тиҷоратӣ ва эҷодӣ ва меҳмонон аз консерти пурҷӯшу хурӯше, ки аз ҷониби ҳунармандони тоҷик ташкил шуда буд, лаззат бурданд.
Григорев: Маскав ва Душанбе муносиботи худро рушд медиҳанд
Лаҳзаҳои муҳими чорабинӣ дар видеои мо оварда шудаанд.