Григорев: Маскав ва Душанбе муносиботи худро рушд медиҳанд

Русия ва Тоҷикистон бо дарназардошти ҳамаи манфиатҳои мутақобила, шарикиро дар як қатор самтҳо густариш медиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Маскав ва Душанбе муносибатҳои мутақобилан судмандро фаъолона рушд медиҳанд.
Ин нуктаро сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев тариқи видео паём дар шоми дӯстии Русия ва Тоҷикистон дар Маскав гуфт, гузориш медиҳад, хабарнигори Sputnik Тоҷикистон. Ӯ асосҳои шарикии ду кишварро шарҳ дод.
"Муносибатҳо воқеан стратегӣ ва шарикӣ буда, бар асоси принсипҳои устувори эҳтироми мутақобила, баробарӣ ва ба назар гирифтани манфиатҳои якдигар асос ёфтаанд", *- гуфт сиёсатмадор.
Григорев инчунин ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф таъкид кард. Айни замон тақрибан 6 ҳаз. хонандаи мактаб дар Тоҷикистон тибқи барномаҳои русӣ таҳсил мекунанд.
Ғайр аз ин, сафир хотиррасон кард, ки забони русӣ дар Тоҷикистон мақоми конститутсионӣ дорад.
"Мо медонем, ки президент Эмомалӣ Раҳмон ба ин чӣ қадар таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад ва изҳори сипоси самимии худро баён мекунем", - гуфт сафир.
Теъдоди донишҷӯёни тоҷик дар Русия маълум шуд
Қаблан, зимни мулоқот, муовини вазири тиҷорати ҷумҳурӣ Рухшона Насриддинзода ва роҳбари дафтари Россотрудничество дар Тоҷикистон Андрей Патрушев барои тақвияти ҳамкориҳои илмӣ ва ҳам таълимӣ ба мувофиқа расиданд.