Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Дания барои эҳтиёҷоти артиши Украина 9,5 млрд евро додааст

Давоми соли 2025, ҳукумати Дания режими Киевро ба маблағи умумии 2,3 млрд евро маблағгузорӣ кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Дания барои дастгирии артиши Украина 9,5 млрд евро хайрия кардааст.
Дар ин бора, сафири Русия дар Копенгаген Владимир Барбин ба РИА Новости гуфтааст.
Сиёсатмадор қайд кард, ки кумаки умумии молиявӣ сар аз соли 2022 9,5 млрд евро ва давоми соли 2025 2,3 млрд евроро ташкил додааст.
Барбин инчунин таъкид кард, ки кормандони низомии Дания мунтазам ба Украина ташриф меоранд.
"Дания имкони фиристодани нерӯҳои худро барои иштирок дар нерӯҳои бисёрмиллатӣ пас аз қатъи амалиёти ҷангӣ дар он ҷо истисно намекунад", - гуфт сафир.
Ӯ инчунин афзуд, ки Копенгаген қасд дорад, ки пас аз маълум шудани ҷанбаҳои ҳалли низоъ дар ин масъала қарорҳои мушаххас қабул кунад.
Вазорати корҳои хориҷии Русия қаблан изҳор дошт, ки ҳама гуна сенарияи марбут ба ҷойгиркунии нерӯҳои кишварҳои узви НАТО дар Украина барои Русия комилан номақбул аст ва хатари шиддат гирифтани вазъро дорад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Cиёсатмадори итолиёвӣ эҳтимолияти ҳалли низоъ дар Украинаро арзёбӣ кард
Русия борҳо омодагии худро барои ҳалли осоиштаи Украина, аз ҷумла иштирок дар муҳокимаҳои нақшаи сулҳи пешниҳодшудаи ИМА, изҳор доштааст.