ДУШАНБЕ, 3 фев – Sputnik. Соли 2025 аз шумораи 10 миллиону 200 ҳазор аҳолии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 67,3 фоиз ё ин ки 7 миллиону 6 ҳазор нафар бо оби тозаи нӯшокии мутамарказонида таъмин гардид.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон Ҷамшед Табарзода хабар дод.
Вай гуфт, ки дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокӣ дар маҷмуъ 67,3%-ро ташкил медиҳад.
“Он дар маркази шаҳру ноҳияҳо 90,7 фоиз ва дар деҳот 57,8 фоизро дар бар мегирад”, - қайд кард мақомдори тоҷик.
Дар ҳамин ҳол масъулони ин ниҳоди давлатӣ қайд карданд, ки дастрасии аҳолӣ ба об ҳамасола 2-3 дарсад меафзод.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 корхонаҳои соҳаи обтаъминкунӣ ва рафъи обҳои партови тобеи Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ", воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъминоти оби нӯшокиро ба 831 миллион метри мукааб расонида, хизматрасонии обҳои партовро ба андозаи 25 миллиону 500 метри мукааб иҷро намуданд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 7 миллиону 731 метри мукааб зиёд мебошад.
Ҷамшед Табарзода зимни нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки “марҳила ба марҳила дастрасии аҳолӣ ба оби ошомиданиро зиёд менамоем”.
Дар нишасти хабарии пешин роҳбарияти ин Кумита гуфта буданд, ки мувофиқи як барнома давлатӣ, ки онро Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мекунад, бояд сокинони шаҳру деҳоти кишвар то ҳашт соли оянда бо оби тозаи ошомиданӣ ва обҳои рафъи партов (канализатсия) пурра таъмин гарданд.